Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

02.10.2012

Саҳмдори мӯҳтарам!

Мувофиқи талаботи Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», бо ташаббуси Шӯрои Нозирони Бонк, Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» даъват карда мешавад. 

Маҷлис дар шакли ҷамъомади муштараки саҳомон (ҷаласа) барпо мегардад. 
Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» 03 ноябри соли 2012 баргузор мегардад. 
Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» соати 10 00 оғоз мешавад. Макони баргузории ҷаласа: ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21. Бақайдгирии иштирокчиёни ҷаласа, санаи 03 ноябри соли 2012, аз соати 800 дар макони баргузории Маҷлиси ғайринавбатии саҳомон оғоз мегардад. Рӯйхати шахсоне, ки ҳуқуқи дар ҷаласа иштирок намуданро доранд, ба ҳолати 29 сентябри соли 2012 тартиб дода шудааст. 
Рӯзномаи Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» аз масъалаҳои зерин иборат аст: 
 1. Пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои ҳамаи аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк». 2. Интихоби ҳайати нави Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».
 3. Дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии ҶСК «Агроинвестбонк». 
4. Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк». 
 Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчии ҷаласа, саҳомон бояд бо худ Шиноснома дошта бошанд. Намояндагони саҳомон бошанд, инчунин бо худ Боваринома оиди додани ваколат ба онҳо барои иштирок дар Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомон, ки тибқи талаботи моддаи 56, банди 1 Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва моддаи 210 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, бояд дошта бошанд. 
Саҳомоне, ки дар Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» ҳуқуқи иштирок кардан доранд, бо маълумотҳои (маводҳои) пешниҳодгардида метавонанд, шурӯъ аз 29 сентябри соли 2012, аз соати 10 00 то 1600 дар Саридораи Бонк бо суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, утоқи 218, телефон (992 37) 233 81 37, шинос шаванд. 
Барои фаҳмидани тартиби бақайдгирӣ ва гузаронидани Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомон ва инчунин дар сурати вайрон шудани тартиби бақайдгирӣ, саҳмдор ё намояндаи ӯ метавонад ба Котиби корпоративии Бонк Исмоилова М.Н. бо суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734018, ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, телефон (992 37) 233 81 37; E-mail: mismoilova@agroinvestbank.tj муроҷиат намояд. 
Варақаҳои овоздиҳие, ки аз тарафи саҳмдорон ба таври хаттӣ пур карда шудаанд, ба суроғаи: 734018, ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, фиристода мешаванд. Овозҳое, ки дар варақаҳои овоздиҳӣ сабт мешаванд, дар вақти муайян кардани кворум ва ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ, агар онҳо то 02 ноябри соли 2012 фиристода шуда бошанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк»

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.