16.10.2012
Хизматрасонӣ ба интиқолгирандагон дар филиалҳои минтақавии Бонк дар рӯзҳои якшанбе.
Чуноне ки пештар хабар дода будем, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва пешниҳоди он ба мизоҷон, ҶСК «Агроинвестбонк» реҷаи кориро дар бахши интиқоли маблағҳои Саридораи Бонк рӯзҳои якшанбе аз соати 8-00 то соати 13-00 ҷорӣ намуда буд.
Аз 14 октябр соли равон сар карда ин реҷаи корӣ дар филиалҳои минтақавии Бонк дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ низ ҷорӣ гардид.
Ин тарзи пешбарии кор метавонад барои ҳалли мушкилоти баъзе маблағгирандагон, ки мехоҳанд маблағҳои худро дар рӯзи истироҳат, яъне якшанбе ба даст оваранд, мусоидат намояд.
Акнун сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ ва навохии атрофи онҳо, ки пештар дар рӯзҳои корӣ барои ба Бонк муроҷиат кардан имконият надоштанд, метавонанд рӯзи якшанбе маблағҳои чӣ аз хориҷ ва чӣ аз дохили ҷумҳурӣ ба номи онҳо интиқолгаштаро дастрас намоянд.