Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

30.10.2012

Ифтитоҳи бинои нави филиали Бонк дар шаҳри Истаравшан, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон

    27 октябр, дар арафаи ҷашни 20- умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии бинои нави ба таври замонавӣ сохташудаи филиал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, ба аҳли кормандони Бонк ва филиал дар рушд ва пешбурди фаъолияти қарзгузорӣ ба иқтисодиёти ноҳия муваффақият таманно намуд. Ҳангоми ифтитоҳи бинои нави филиал, инчунин раиси вилояти Суғд Қохир Расулзода, раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Алишер Солиев ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
    Лоиқ ба зикр аст, ки филиали мазкур дар сохтори ҶСК «Агроинвестбонк» мавқеъ ва ҷойгоҳи ба худ хосеро соҳиб мебошад. Ҳоло 45 нафар кормандони филиали номбурда мекӯшанд, ки бо мақсади қарздиҳӣ ва хизмати молиявӣ расонидан ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия, тамоми хизматрасониҳои бонкии дар филиал фаъолбударо бо сифати баланд ва саривақт ба мизоҷон пешниҳод намоянд. Аз ин ҷост, ки алҳол дар ноҳия ба соҳаҳои асосии истеҳсолот, аз қабили соҳаи кишоварзӣ 409 ҳаз. сомонӣ, ба соҳаи нақлиёт 2 млн. 351 ҳаз. сомонӣ, ба соҳаи тиҷорат 4 млн. 549 ҳаз. сомонӣ, ба шахсони воқеӣ ва ба дигар соҳаҳои фаъолияти тиҷоратӣ қариб 300 ҳаз. сомонӣ воситаҳои қарзӣ ҷудо гардида, дар маҷмуъ ҳаҷми мабалғи онҳо ба 7 млн. 603 ҳаз. сомонӣ расидааст. Дар ноҳияи Истаравшан, ба мисли тамоми филиалҳои вилоят, ҳаҷми маблағи қарзҳои хурдтарини соли ҷорӣ ҷудогардида, афзоиш ёфта, ба 2 млн. 480 ҳаз. сомонӣ расидааст, ки суръати афзоишаш 134,4% - ро ташкил медиҳад. Мавқеи филиали мазкур дар бозори интиқоли маблағҳои ноҳия низ назаррас мебошад. Ба ҳолати санаи 30 сентябри соли 2012 тавассути низомҳои мухталифи байналхалқии интиқоли мабалғҳо, ба ин филиали Бонк маблағи муодил ба бештар аз 48 млн. 321 ҳаз. сомонӣ ворид шуда, саривақт дастраси сокинони ноҳия гаштааст.
    Ногуфта намонад, ки кормандони филиали дар шаҳри Истаравшан будаи ҶСК «Агроинвестбонк» ҳамеша мекӯшанд, ба вазифа ва уҳдадориҳои хеш бо масъулият ва ҷиддияти тамом муносибат намуда, сазовори эҳтиром ва эътимоди баланди мизоҷон бошанд. 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.