07.11.2012
Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» баргузор гардид
3 ноябри соли ҷорӣ, дар саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони Бонк баргузор гардид. Ба баррасии саҳомон чор масъалаи рӯзномаи Маҷлис пешниҳод гашт:
- пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои ҳамаи аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк»;
- интихоби ҳайати нави Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк»;
- зиёд намудани сармояи оинномавии ҶСК «Агроинвестбонк»;
- ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк».
Дар рафти Маҷлиси ғайринавбатӣ саҳомон ҳайати нави Шӯрои Нозирони Бонкро интихоб намуданд. Ногуфта намонад, ки Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомон, доир ба масъалаҳои боқимондаи рӯзномаи маҷлис низ қарорҳои дахлдор қабул намуд.