Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

12.11.2012

Бонувони бадминтонбози ҶСК «Агроинвестбонк» сазовори ҷойҳои намоён гаштанд

   08.11.2012, бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба бадминтон миёни бонувон оғоз гардид. Сабқати мазкур ду рӯз идома ёфт. Дар рӯзи аввали он бонувони бозингари ҳашт Вазорату ташкилот ва муассисаҳо дар ду зергуруҳ шашнафарӣ қувваозмоӣ намуданд. Бо назардошти баландтарин холҳои бадастовардаи бонувони бадминтонбоз дар зергуруҳҳо ҶСК «Агроинвестбонк» ва «Лигаи занҳои ҳуқуқшинос» соҳиби ҷойҳои аввал гаштанд ва ба давраи финалӣ роҳхат гирифтанд. Доварони мусобиқаи мазкур бозии бонувони Агроинвестбонкро дар рӯзи аввали бозӣ дар сатҳи хеле баланд арзёбӣ намуданд. 
    Лоиқ ба зикр аст, ки давраи ниҳоии сабқат, ки рӯзи 09.11.12 с. идома ёфт, низ хеле шаффоф ва бо омодагии ҳамаҷониба доир гашт. Қувваозмоиҳои марказӣ дар ин рӯз миёни тимҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва «Лигаи занони ҳуқуқшинос» сурат гирифт. Бонувони варзишгари ҶСК «Агроинвестбонк» дар мусобиқа оид ба бадминтон соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Насиби онҳо дар сабқати миёни дастаҳо ҷойи дуввум ва дар қувваозмоӣ миёни бозингарони алоҳида ҷойи аввал гардид. Бадминтонбоздухтари Агроинвестбонк Анна Недбаева корманди Дирексияи амалиётии рақами 1, бо маҳорати хосаи варзишии худ тавонист миёни чандин нафар бонувони дар мусобиқа ширкаткунанда сазовори ҷойи якум гардад. Ҷойи аввалро миёни дастаҳо бонувони варзишгари «Лигаи занҳои ҳуқуқшинос» соҳиб гаштанд, ҷойҳои сеюму чорум бошад, насиби бонувони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон гардид. 
   Ногуфта намонад, ки бонувон бо як нерӯи тоза ва шавқи хоса дар мусобиқаи мазкур ширкат варзида ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуданд.

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.