Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

22.03.2011

Таҷлили рӯзи Байналхалқии Наврӯз дар ҶСК «Агроинвестбонк»

18 марти соли ҷорӣ дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии Наврӯз, чорабинии тантанавӣ доир шуд. Дар чорабинии идона роҳбарият ва кормандони Бонк ширкат варзиданд, инчунин меҳмонон шоирон Назри Яздон, Мӯҳтарам Ҳотам, дастаи ҳунарӣ таҳти сарварии Ҳотами Равшан, намояндагони воситаҳои ахбори умум – ҷонишини якуми Директории радиои Тоҷикистон Фирӯза Саидова, мудири шӯъбаи иқтисодии рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов, рӯзноманигор ва оператори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» Парвиз Аминов ва Худоӣ Наврӯз даъват шуда буданд.

Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. чорабиниро кушода, аз номи Раёсат ва кормандони Бонк меҳмононро хайра мақдам гуфта, ҳозиринро бо рӯзи Байналмиллалии Наврӯз табрик намуд ва роҷеъ ба таърихи таҷлили иди Наврӯз маърӯзаи ҷолиб кард. Барандаи чорабинии идона Моҳсафари Яҳёзод, маҷлисро идома бахшида, ба меҳмонон бо навбат сухан дод.

Дар рафти чорабинӣ баромадҳо, шеърхониҳо дар мавзӯи иди Наврӯз ва фасли баҳор сурат гирифтанд. Шеърҳои сурудаи овозхон ва актёри театри Ҷавонон ба номаи М. Воҳидов Ҳотами Равшан табъи ҳозиринро болидатар гардонид. Дар фароварди чорабинӣ Раиси Раёсати Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. аз номи роҳбарият ва кормандони Бонк ба меҳмонон барои суханрониҳои пурмӯҳтаво, шеърҳои хондашуда, сурудҳои дилнишин изҳори миннатдорӣ намуд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.