Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

23.11.2012

Бо хизматрасонии «SMS-хабар» аз ҶСК «Агроинвестбонк» тавозуни мобилиро тавассути равон кардани SMS пур кунед

  Мизоҷони мухтарам! 
  ҶСК «Агроинвестбонк» ба дорандагони кортҳои пластикие, ки ба хизматрасонии SMS хабар пайваст мебошанд, бо тарзи зуд ва ҳозиразамон пур кардани тавозуни мобилиро пешниҳод менамояд. Акнун, дар вақти дилхоҳ, аз ҳар нуқтаи ҷумҳурӣ Шумо метавонед тавозуни мобилии худро тариқи равон намудани SMS ба рақами +992 98 598 6868 пур кунед. 
  Хизматрасонии « SMS ҳабар» ба Шумо бе комиссия пардохт намудани хизматрасонии операторони мобилиро ба воситаи SMS имконият медиҳад. Хизматрасонии зерин барои муштариёни ширкатҳои Мегафон Тоҷикистон, T-Cell ва Вавилон-М дастрас аст. 

  Тафсири фармонҳои SMS бо ирсоли SMS хабар ба рақами 98 598 6868: 
* Барои пур кардани тавозуни мобилии худ: «200<фосила>маблағ». (Мисол: 200 50) 
* Барои пур кардани тавозуни мобилии муштарии дигар: «200<фосила>маблағ<фосила>рақами муштари». (Мисол: 200 50  9ХХХХХХХХ). 
* Дар холате, ки зарурияти пардохт намудан ба корти муаян (дар холати ки ду ва зиёда корт бошад): «200<фосила> маблағ<фосила>рақами муштари<фосила>4 рақами охирини корт». (Мисол: 200 50 9ХХХХХХХХ 1234). 
* Барои гирифтани маълумот оиди бақияи корт: «100<фосила>4 рақами охирини корт». (Мисол: 100 1234). 

  Инчунин барои муштариҳои ширкати Вавилон-М фармонҳои USSD амалӣ карда шудаанд:
* Пур кардани тавозуни мобилии худ - *6868*200*50 
* Пур кардани тавозуни мобилии дигар муштари - *6868*200*50*9ХХХХХХХХ 
* Пардохт намудан ба корти муаян - *6868*200*50*9ХХХХХХХХ*1234 
* Гирифтани маълумот оиди бақияи корт - *6868*200*50*1234 

  Барои пайваст шудан ба хизматрасонии «SMS-хабар» мизоҷ метавонад ба дилхоҳ шӯъбаи хизматрасонии бонкӣ муроҷиат намояд, ё ин ки ба воситаи хизматрасонии фосилавии Интернет банкинг мустақилона пайваст шавад. Маълумоти бештарро оид ба шартҳо ва имкониятҳои хизматрасонии « SMS ҳабар», метавонед дар ишораи мазкур: http://agroinvestbank.tj/tj/press_office/news.php дастрас намоед.

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.