Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

15.02.2013

Ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ – хоҷагидории филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» дар Саридораи Бонк

     9-феврали соли 2013 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» ҷаласаи васеи Раёсати Бонк бо иштироки аъзоёни Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк, филиалҳо, марказҳои амалиётии бонкӣ ва марказҳои амалиётии бонкию хизматрасонӣ барои ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории воҳидҳои амалиётии ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳрҳои Душанбе, Ёвон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои соли 2012 баргузор гашт. 
    Ҷаласаро Муовини аввали Раиси Бонк Бобоев С.А. оғоз намуда, пеш бурдани ҷараёни онро бар уҳдаи Муовини Раиси Бонк, сарпарасти филиалҳои дахлдори ҶСК «Агроинвестбонк» Вафоев М.С. вогузор намуд.
    Вафоев М.С. ба иштирокчиёни ҷаласа оиди фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории филиалҳои мазкур дар соли 2012 мухтасар маълумот дод.
     Сипас роҳбарони филиалҳои зикргашта дар назди Раёсати Бонк ҳисобот дода, аз дастоварду камбудиҳои хеш маълумот доданд. Оид ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарордошта, баҳсу сӯҳбатҳои касбӣ сурат гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бонкӣ дар филиалҳо ва дигар воҳидҳои амалиётии ҶСК «Агроинвестбонк» аз ҷониби Роҳбарият ва мутахассисони Бонк тавсияву таклифҳо иброз гардид. 
     Раёсати Бонк аз рӯи ҷамъбасти ҷаласа қарори дахлдор қабул намуд.  

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.