Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

11.03.2013

Натиҷаи озмуни «Филиал ва мутахассиси беҳтарин»-и ҶСК «Агроинвестбонк» ҷамъбаст гардид

     2-уми марти соли 2013 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба натиҷгирии озмуни «Филиал ва мутахассиси беҳтарин»-и Бонк баргузор гашт. Дар ҷаласа аъзоёни Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк», роҳбарони воҳидҳои сохтории Саридораи Бонк ва воҳидҳои амалиётии Бонк, инчунин онҳое, ки ғолиби озмун шинохта шудаанд, иштирок намуданд.
     Бо пешниҳоди Комиссияи тадорукот ва қарори Раёсати Бонк, ғолибони озмуни «Филиал ва мутахассиси беҳтарин» инҳо шинохта шуданд: филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Панҷ барои фаъолияти хубу намунавӣ сазовори ҷойи якум дониста шуда, бо ҷоми сайёр, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ба андозаи 5000-сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷойи дуюм бошад, насиби филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Шаҳринав гашта, филиали мазкур бо мукофоти пулӣ ба маблағи 3000 сомонӣ ва ифтихорнома қадр гардонида шуд. Филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Ғончӣ соҳиби ҷойи сеюм, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва ифтихорнома мушарраф гашт.
     Инчунин озмуни доиршуда, аз байни кормандони алоҳидаи Бонк ғолибонро муайян намуд. Вазиров Аҳтамҷон - сармуҳосиби филиали ҶСК Агроинвестбонк дар деҳаи Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз, Ёдгор Умаров - коршиноси қарзии Сектори бонкдории корпоративии филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, Рустам Пахлавонов - мутахассиси кор бо амонатҳои Сектори бонкдории чаканаи филиали ҶСК Агроинвестбонк дар шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ, Шарифҷон Рустамов - коршиноси қарзии Сектори бонкдории чаканаи филиали ҶСК Агроинвестбонк дар ноҳияи Шаҳринав, Шӯҳратҷон Туробов - муҳосиби кор бо бахши интиқоли маблағҳои Сектори бонкдории чаканаи филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Панҷакент мутахассисони беҳтарин дониста шуда, бо Ифтихорномаи ҶСК Агроинвестбонк ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
     Ҷамъбасти озмун ва натиҷаҳои он бори дигар тавонист мутахассисони низоми Агроинвестбонкро ба касби худ ҳавасманд гардонида, онҳоро ба фаъолияти софдилона ва садоқат ба пешаи худ роҳнамоӣ кунад.  

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.