29.03.2013
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ҶСК «Агроинвестбонк»
20 марти соли 2013 дар саҳни ҳавлии Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба иди байналхалқии Наврӯз тантанаҳои наврузии пур аз шукуҳу шаҳомате баргузор гардиданд, ки дар онҳо аъзоёни Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кулли кормандони бонк ширкат варзиданд. Дар ин рӯз наврӯзгоҳи бонк бо саъю кӯшиши кормандони воҳидҳои сохторӣ ба таври махсус, идона ва бо риояи ҳатмии расму суннатҳои мардуми тоҷик ҳангоми таҷлили Наврӯзи аҷам ороста шуда буд. Ҳар як воҳиди сохтории бонк дар гӯшаи барои он ҷудошуда суфраи наврӯзии ҳафт син ва ҳафт шини хешро густурда, онро бо нуқлу ғизоҳои наврузӣ оро дода буданд. Бо ибтикори кормандони бонк ин гӯшаҳо ба таври миллӣ бо зардевориву кашидадӯзӣ ва зардӯзиҳо оро дода шуда, дар назди ҳар яки ин гӯшаҳо бо салоҳдиди кормандони воҳидҳои сохтории алоҳида, ҳуҷраҳои рамзии наврӯзӣ бо пухтани хӯрокҳои наврӯзии суманак ва далда ё худ саҳнаи кишту кори баҳорӣ бо истифода аз олатҳои қадимаи кишоварзӣ ё хонаи миллии тоҷикие, ки дар он ашёи қадимаи рӯзгор аз қабили кӯзаҳо, чархдег, табақҳо ва қошуқу кафлезҳои чӯбин, сандуқ, қолину кӯрпаву кӯрпачаҳо, гаҳвора ва ғайра гузошта шуда буданд, қомат афрохтанд.
Қисмати тантанавии базми наврӯзиро Раиси Раёсати Бонк Алишер Солиев кушода, аз ҷумла доир ба таърихи таҷлил гардидани Наврӯз, бо ибтикори Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мақоми байналхалқӣ гирифтани ин Ид ба таври мухтасар маълумот дод. Сипас Раиси Раёсати Бонк ҳозиринро бо иди Байналхалқии Наврӯз табрик гуфта, ба онҳо фаъолияти пурсамари бонкӣ ва комёбиҳои рӯзгорро таманно намуд.
Бахши дигари озмуни наврӯзӣ ин нишон додани ҳунари овозхониву шеърхонӣ ва рақсии кормандон буд. Дар ин бахши озмун низ иштироки фаъоли кормандони бонк бараъло эҳсос мегашт. Баъд аз ба поён расидани ин бахши озмуни наврӯзӣ, ҳайати ҳакамон ба тамоми озмуни наврӯзии имсола баҳогузорӣ намуда, пас аз машварату муҳокимаҳои тӯлонӣ натиҷаҳои онро эълон карданд. Ҳакамон ба хулосае омаданд, ки барои гузаронидани тантанаҳои наврӯзӣ аз ҷониби кормандон омодагии ҳамаҷониба ва ҷиддӣ гирифта шудааст, аз ин рӯ ба қароре омаданд, ки ҷои якум ба ду воҳиди сохтории бонк ба Дирексияи амалиётии №1 ва ба Мудирияти хоҷагидорӣ, ҷои дуюм ба се воҳиди сохторӣ ба Дирексияи молиявӣ, Дирексияи бонкдории чакана ва Мудирияти маъмурӣ ва ҷои сеюм низ ба се воҳиди сохтории бонк ба Дирексияи бонкдории корпоративӣ, Дирексияи хазинадорӣ ва савдо ва Мудирияти кормандон дода шавад. Ғолибони озмун бо туҳфаҳои арзанда ва хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки базми наврузии имсола дар ҶСК «Агроинвестбонк» аз ҷиҳати ташкилӣ, гузаронидан ва оростани хонҳои наврӯзӣ, қироати шеърҳо, басаҳнагузории саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва рақсҳо аз базмҳои наврӯзии қаблӣ ба куллӣ ва ба таври мусбӣ фарқ дошт. Аз ин ҷиҳат бо итминони комил метавон гуфт, ки кормандони бонк ба истироҳати шашрӯзаи наврӯзӣ бо табъи хушу руҳи болида рафтанд.