Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

12.07.2013

Кушодашавии бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Вахш

     6-уми июли соли равон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо иштироки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ба истифода дода шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ноҳия пештар ҳам, филиали Бонк фаъолият дошт, вале бинои он ба талаботи замона ва аҳолӣ ҷавобгӯй набуд. Мақсад аз мавриди истифода қарор додани бинои нави сохтори амалиётии Агроинвестбонк фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии ин ноҳия ва гирду атрофии он, бештару хубтар хизмат расонидан ба онҳо мебошад. Бинои нави филиал алҳол пурра бо таҷҳизоти муосири бонкӣ ва техникаи ташкилӣ ҷиҳозонида шудааст ва дар оянда низ ба хотири боз ҳам хубтару зудтар хизмат расонидан ба мизоҷон технологияи пешқадами бонкӣ ҷорӣ карда мешавад. 
     Дар филиали Бонк дар шаҳрчаи Вахш 17 нафар кормандони дорои тахассус фаъолият менамоянд ва пас аз ба истифода дода шудани бинои нав боз 4 –ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд. Ҳоло кормандони филиали номбурда мекӯшанд, ки тамоми хизматрасониҳои бонкии дар филиал фаъолбударо бо сифати баланд ва саривақт ба мизоҷон пешниҳод намуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ноҳияро дар бар гиранд. Аз ин рӯ, филиали мазкур қариб 30%-и қарзҳои хурди аз ҷониби бонкҳо додашавандаро дар ин ноҳия пешниҳод менамояд. Қарзҳои додашудаи филиали ноҳияи Вахш 2,9 млн.сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 26,1% зиёд мебошад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки 83,5% қарзҳои додашуда ба бахши кишоварзӣ рост меояд. Дар ин замина қарзҳои ба занони сохибкор додашуда нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта ба андозаи 41,8% афзуда, маблағи 95 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Баробари ин бояд зикр кард, ки ҳиссаи қарзҳои ба таъхирафтода дар сандуқи қарзии филиал ҳамагӣ 3,5%-ро ташкил медиҳад, ки ин меъёр дар доираи талаботҳои қабулшуда буда, аз нишонаи баланди сифати сандуқи қарзӣ ва масъулияти мизоҷону кормандони бонк шаҳодат медиҳад. Филиали мазкур дар бозори интиқоли маблағҳои ноҳия низ мавқеи назаррасро ноил аст. Тӯли 5-моҳи соли 2013 беш аз 6900 адад амалиётҳои интиқолӣ ба маблағи муодил ба 3-млн.сомонӣ амалӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 674 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. 
     Бо назардошти имкониятҳои ҷойдошта аҳли кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои рушду нумуи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат мусоидат намуда, бо масъулияти хеш сазовори эҳтиром ва эътимоди мизоҷон бошанд.

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.