04.10.2013
Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Агроинвестбонк».
Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Агроинвестбонк».
3.10.2013 с. дар ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар рафти ин чорабинӣ шахсони масъул доир ба дастовардҳои тайи солҳо ноилгашта баромадҳо намуда, ба ин муносибат ҳамдигарро табрику таҳният гуфтанд. Аз ҷониби Роҳбарияти Бонк ва ҳайати Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар ҶСК «Агроинвестбон» зикр гашт, ки дар баробари кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар роҳи татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба харҷ додаанд, бояд ҳар як корманди Бонк низ худро масъул донад ва барои ҳифз намудану рушди забони тоҷикӣ саҳми беандоза гузорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ кормандони ҷавони Бонк Эмомалӣ Давлатов ва Абдулазиз Ашӯров шеърҳои шоирони машҳуру шинохтаи тоҷик- Бозор Собир ва Лоиқ Шералиро дар васфи забон бо эҳсоси баланди ватанпарастиву забондӯсти қироат намуда, аз эҷоди навқаламонаи худ низ барои аҳли ҷамъомад якчанд банди шеърӣ пешкаш намуданд.
Забони давлатӣ ба тасвир оинаи таҷаллидиҳандаи дороиҳои ҳар як миллат маҳсуб меёбад ва аз ин ҷиҳат поку шаффоф нигоҳ доштани он метавонад моро дар тамоми дунё ҳамчун миллати боифтихору сарбаланд ва арҷгузоранда ба ҳама неъматҳои миллии худ муаррифӣ созад. Вақти он расидааст, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ дар ин ҷода ва баҳри рафъ намудани камбудиҳои мавҷуда саҳм бигирем ва дар ин аҳди хеш устуворона қадам гузорем- зикр гашт зимни чорабинии идона аз Ҷониби Роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк».
Маркази матбуоти ҶСК «Агроинвестбонк».