09.10.2013
Бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Ховалинг ба истифода дода шуд.
Бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Ховалинг ба истифода дода шуд.
29.09. 2013 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бинои нави филиали ҶСК «Агроинвестбонк» ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд. Он то ба имрӯз аз зумраи пешқадамтарин филиалҳои Агроинвестбонк ба шумор рафта, барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ба аҳолии ин минтақа фаъолият менамояд. Дар филиали мазкур 18- нафар кормандон фаъолияти меҳнатӣ дошта, ба аҳолии ноҳия ва гирду атрофи он намудҳои гуногуни хизматрасонҳоро, аз ҷумла: қарзҳои хурду миёна, нигоҳдории пасандозҳо, интиқол ва таҳвили маблағҳо, ҳисоббаробаркунӣ, мубодилаи асъор ва ғайраро бо дархосту хоҳиши мизоҷон пешниҳод менамоянд.
Филиали мазкур бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, яъне алоқаи мунтазам ва дигар лавозимотҳои корӣ таъмин карда шуда, дар ҳама гуна шароитҳо фаъолияти худро бомувафақият пеш мебарад.
Ба истифода додани боз як бинои нави филиали мазкур дар ин минтақаи дурдасти кишвар, ин бо сифати баланд ва дар сатҳи муосиру замонавӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои бонкӣ ба аҳолии кишвар мебошад.
Маркази матбуот.