Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

17.10.2013

Маҷлиси ғайринавбатии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» доир гардид

     Дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» 11.10.2013с. маҷлиси ғайринавбатии саҳомони Бонк доир гардид. 
     Дар ҷаласа саҳомон, аъзоёни Шӯрои Нозирон ва Раёсати Бонк ва инчунин дигар шахсони даъватшуда ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масъалаҳои интихоби аудитори берунаи Бонк барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Бонк барои соли молиявии 2013, пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» ва интихоби ҳайати нави Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» баррасӣ гардид ва доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 
     Ба ҳайати аъзоёни Шӯрои Нозирони Бонк номзадҳои зерин интихоб карда шуданд: Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Нуралиев Ҷамолиддин Камолович - Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоев Муҳаммадӣ Қурбонович - Роҳбари Дирексияи муносибатҳои байналхалқӣ, ҳисоботи молиявӣ ва таҳлили ҶСК «Агроинвестбонк», Қурбонов Собир Икромович - Мушовири иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказии Вазорати Рушди Британияи Кабир дар Тоҷикистон назди Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимов Илҳомуддин Раҷабалиевич - Муовини Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба таълим, инчунин барои гузаронидани аудити соли молиявии 2013 ширкати аудитории ҶДММ «Deloitte & Touche» аудитори берунаи ҶСК «Агроинвестбонк» интихоб гардид.

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.