30.10.2013
Вохӯрии роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» бо Директори генералии Фонди Абу-Дабӣ оид ба рушд
Вохӯрии роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» бо Директори генералии Фонди Абу-Дабӣ оид ба рушд
Дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб 24.10.13с. вохӯрии ҳайати намояндагони ҶСК «Агроинвестбонк» таҳти роҳбарии Раиси Бонк Солиев А.Ҳ. бо Директори генералии Фонди Абу-Дабӣ оид ба Рушд Муҳаммад Сайф Ал-Сувайдӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои судманд миёни муассисаҳои молиявӣ оиди ҷалби захираҳои қарзӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ муҳокима гардиданд. Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид. Ҷонибҳо тавонистанд як қатор масоили барои рушди ҳамкории дуҷониба равонашударо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд.
Маркази матбуот