19.12.2013
Мизоҷони муҳтарам!
Бо хушнудӣ ба Шумо хабар медиҳем, ки хизматрасонии «SMS-банкинг» акнун барои мизоҷони ширкати «Beeline Тоҷикистон» дастрас шуд.
Хизматрасонии «SMS-Банкинг» имконияти медихад, ки таҳлили амалиётхои бо ҳисоби корти пардохтӣ гузаронидаро назорат баред.
Ба воситаи хизматрасонии «SMS - банкинг» Шумо метавонед ҳама вақт оиди бақияи дар корт буда огоҳ бошед, саривақт оиди гузаронидан/гирифтани маблағҳо аз ҳисоби кортӣ маълумот гиред ва инчунин имконияти пур кардани тавозуни телефони мобилӣ бе ситонидани ҳақи хизматрасонӣ пайдо намоед.
Барои пайваст шудан ба хизматрасонии «SMS-Банкинг» Шумо метавонед тариқи банкоматҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва ба воситаи хизматрасонии фосилавии Интернет-банкинг мустақилона пайваст шавед ё ин ки ба дилхоҳ шӯъбаи хизматрасонии бонкӣ муроҷиат намоед.
Ҳақи пайвастшавии солонаи хизматрасонӣ 3 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.