Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

28.03.2014

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҶСК «Агроинвестбонк»

     20 марти соли равон дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Иди байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд. Дар таҷлили Наврӯзи имсола низ чун соли қаблӣ бо кӯшиши ҳамаи кормандони Бонк озмуни «Хони наврӯзӣ» гузаронида шуд, ки он дар сатҳи бағоят баланд баргузор гардид. Барои баҳо додан ба хони наврӯзӣ аз ҳайати роҳбарияти Бонк бо сарварии Раиси Бонк- Рустамов С.Ш. гурӯҳи ҳакамон таъсис дода шуд. Сипас қисмати тантанавии базми наврӯзӣ оғоз гардид. Сараввал Раиси Раёсати Бонк Рустамов С.Ш. меҳмонон ва кормандони Бонкро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, аз таърихи Наврӯзи аҷам ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз соҳиби мақоми байналмилалӣ гардид ва он ҳоло дар тамоми кишварҳое, ки Наврӯзро оини аҷдодии хеш меҳисобанд, ҷашн гирифта мешавад.  
     Дар идомаи чорабинии идона хонҳои наврӯзии ҳар як сохтори иштирокдоштаи Саридораи Бонк аз ҷониби ҳакамон бо баҳои сазовор ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин гуруҳи кормандони ҳунарманду овозхони Бонк бо таронаҳои наврӯзиву сурудҳои рақсӣ ба тантанаи наврӯзӣ ҳусну шукуҳи хоса зам намуданд. Бояд қайд кард, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Бонк басо ҷолибу хотирмон гузашт ва дар хотима фаъолони тантанаи наврӯзӣ бо ифтихорномаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» сарфароз гардонида шуданд.  

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.