28.03.2014
Ғолибони озмуни «Филиали беҳтарин » дар ҶСК «Агроинвестбонк» муайян шуданд
Дар арафаи таҷлили ҷашнҳои таърихӣ ё худ маросиму анъанаҳои миллӣ, дар аксари корхонаҳову ташкилотҳои ҷумҳурӣ ҷамъбаст намудани сабқату озмунҳо, чорабиниҳои қаблан ба нақша гирифташуда сурат гирифта, ғолибон муайян мешаванд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд. Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Агроинвестбонк», ки аз ҷумлаи бонкҳои универсалии калонтарини мамлакат ба ҳисоб рафта, қариб тамоми манотиқи ҷумҳуриро бо хизматрасониҳои бонкии хеш фаро гирифтааст, озмуни тахассусиеро, ки қаблан миёни филиалҳо ва кормандони низоми бонкиаш эълон карда буд, ҷамъбаст намуд. Мақсад аз гузаронидани озмун, муайян намудани пешсафони низоми бонкии ҶСК «Агроинвестбонк» ва ба ин васила ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳи молиявӣ мебошад.
Ҳангоми баҳогузорӣ намудан ба фаъолияти филиалҳои Бонк ва кормандони алоҳидаи он, ҷиҳатҳои бартариятноки онҳо ба инобат гирифта шуда, аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун ба таври воқеӣ арзёбӣ шуданд. Доир ба масъалаи вазифаҳои комисияи озмун Раиси комиссияи озмун, Муовини якуми Раиси Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. ибрози ақида намуда гуфт, ки ғолибони озмуни филиал ва мутахассиси беҳтарини ҶСК «Агроинвестбонк» аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 муайян шуданд. Барои муайян намудани филиал ва корманди беҳтарин, сараввал воҳидҳои сохтории Саридора таклифу пешниҳодҳои гуногун ва асоснокнамудаи хешро пешниҳод карданд. Натиҷаҳои молиявии ҳар як сохтори амалиётӣ ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат, фоидаи софи ҳақиқии филиалҳо, сифати сандуқи қарзӣ, ҳаҷм ва мавқеи филиалҳо дар бозори амалиётҳои бонкии минтақа, сарбории амалиётии кормандон ва сифати корашон ба инобат гирифта шуданд. Барои филиали ғолиби озмун шинохташуда «Ҷоми сайёр» ва мукофотҳои пулӣ ва барои мутахассисони беҳтарин Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ муқаррар шудааст. Ҷузиёти дигар, ҳар он филиале, ки дар тули се сол паи ҳам ғолиби озмун шинохта мешавад, «Ҷоми сайёр»-и ба сифати мукофот гирифтааш дар ҳамон филиал доимӣ боқӣ хоҳад монд.
Пас аз таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи фаъолияти молиявии филиалҳо, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди молиявӣ-иқтисодӣ дар соли 2013, филиали Бонк дар ноҳияи Шаҳринав дар ҷойи якум, филиали Бонк дар ноҳияи Панҷакент дар ҷойи дуюм, филиали Бонк дар ноҳияи Ёвон дар ҷойи сеюм ҳамчун филиалҳои беҳтарини Бонк интихоб гардида, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои сифатан баланди молиявӣ-иқтисодӣ дар фаъолияти бонкӣ Худобердиева Ранамо Холиқбердиевна - Сармуҳосиби филиали Бонк дар н. Рӯшони ВМКБ, Муҳаммадиева Нилуфар Исмоиловна - эксперти қарзии калони сектори бонкдории корпоративии филиали Бонк дар шаҳри Панҷакент, Саидов Ҷамолиддин Зайдович - эксперти қарзии сектори бонкдории чаканаи филиали Бонк дар ноҳияи Панҷ, Валиев Муҳиддин Раҳмонович - мутахассиси кор бо амонатҳои филиали Бонк дар ноҳияи Фархор, Мингашарова Гулчеҳра Сафаралиевна – муҳосиб-хазинадори интиқоли маблағҳои филиали Бонк дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун мутахассисони беҳтарин интихоб гардида, чун ғолибони озмун бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
“Барои муайян намудани ғолибони озмуни мутахссисони беҳтарини низоми ҶСК «Агроинвестбонк» ба ҳайати комиссия лозим омад, ки зиёд андешаронӣ намоянд”, - гуфт дар идомаи суханрониаш муовини якуми Раиси Бонк Тағоймуродов Ф. Ғ. ва илова намуд, ки “... аксари мутахассисони Бонк аз зумраи мутахассисони беҳтарини низоми бонкии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Ҳангоми муайян намудани ғолибони озмуни мутахассиси беҳтарин, аъзоёни комиссия пеш аз ҳама ба сифати дараҷаи олии фаъолият, сарбории амалиётӣ доштанашон, соҳиби таҷрибаву малакаи хубу намунавӣ буданашон бештар таваҷҷуҳ намуданд”.
Ногуфта намонад, ки ба андешаи роҳбарияти Бонк гузаронидани ин қабил озмунҳо ҳамеша барои бештар намудани ҳавасмандӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳар як корманди Бонк, ҳар як филиал ва дар маҷмуъ тамоми низоми бонкии ҶСК «Агроинвестбонк», ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти молиявӣ дар соли ҳисоботӣ мусоидат менамояд. Роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин озмунҳо гузаронида шаванд ва барои шаффоф гузаштани онҳо ба воҳидҳои сохтории ҶСК «Агроинвестбонк» супориш дода шудааст, ки баҳри мукаммал сохтани Низомномаи амалкунанда оид ба озмуни муайян намудани филиал ва корманди беҳтарини низоми ҶСК «Агроинвестбонк» таклифу пешниҳодҳои хешро манзур намоянд.