30.04.2014
Оиди татбиқи тартиботи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Дар асоси Низомнома дар бораи татбиқи тартиботи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶСК «Агроинвестбонк» Комиссияи корӣ ташкил гардида ва кормандони масъул оиди назорат ва ташкили кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм вобаста карда шудаанд. Инчунин бо мақсади дуруст ташкил намудани кор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм тартиботи назорати дохилӣ тасдиқ гардида ва дар асоси он чорабиниҳои зерин ба роҳ монда шудаанд:
• Тартиби ҳатмии назоратӣ дохилӣ;
• Манъи хабар додани мизоҷон ва дигар шахсон оиди чорабиниҳои қабулшаванда баҳри муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда;
• Мушаххасоти шахсияти мизоҷон;
• Ҷорӣ намудани тартиби «Мизоҷи худро шинос»;
• Мониторинги доимии суратҳисобҳо;
• Ҷамъоварӣ, ғункунӣ ва ҳифзи маълумот оиди мизоҷон;
• Хабарбардоркунии мақоми ваколатдор оиди амалиётҳои шубҳанок;
• Ташкили заминаи маълумотҳо нисбати шахсони дар терроризм гумонбар дониста мешаванд;
• Раванди мушаххасозии корманд то қабул ба кор;
• Ташкили чорабиниҳои таълимии кормандони бонк;
• Хабардиҳӣ ба роҳбарияти бонк
Дар бонк бо мақсади муайян намудани дараҷаи хавф, аҳду амалҳои ғайриоддӣ, оиди ошкорсозии амалиётҳо, ки бояд ҳатман назорат карда шаванд, чорабиниҳои ҷамъоварии маълумоти иловагӣ оиди фаъолияти мизоҷони бонк корҳо бурда мешавад. Инчунин корҳо оиди муқаррарсозӣ ва мушахассозии сарчашмаҳои дастоварандагони ниҳоӣ анҷом дода мешаванд.
ҶСК «Агроинвестбонк» бо бонкҳои ғайрирезидент, ки дар ҳудуди давлатҳо, ки дар онҳо мақомоти доимоамалкунандаи назоратӣ надоранд, инчунин нисбати бонкҳои ғайрирезидент, ки суратҳисобҳои онҳо аз тарафи бонкҳое истифода мешаванд, ки дар ҳудуди он давлатҳо мақоми идоракунӣ ва назорати вуxуд надоранд, ҳамкорӣ ва муносибатҳои муросилотиро барқарор намекунад.
ҶСК «Агроинвестбонк»