07.05.2014
Даъватнома барои иштирок дар тендери кушодаи гузаронидани аудити ҳарсолаи ҳатмии ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли 2014
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.05.2009, №524 «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҳамаи ширкатҳои аудитории ҳавасмандро барои иштирок дар тендери кушодаи гузаронидани аудити ҳарсолаи ҳатмӣ, ки 31 декабри соли 2014 ба итмом мерасад, даъват менамояд.
Довталабон метавонанд дархостҳои худро барои иштирок дар тендер ба суроғаи зерин ирсол намоянд: 734018 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони С.Шерозӣ-21, Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк», ба Комиссияи тендерӣ. Маълумотҳоро дар бораи нишондиҳандаҳои молиявии Бонк аз сомонаи agroinvestbank.tj метавонед дастрас намоед. Барои маълумоти иловагӣ ба унвонии: E-mail: gnabieva@agroinvestbank.tj; тел: 2 36 95 89 муроҷиат намоед.
Дархостҳо ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ дар лифофаҳои маҳкамшуда дар давраи аз 12.05.2014 то 23.05.2014 қабул карда мешаванд.
Макон, сана ва вақти кушодани лифофаҳо аз ҷониби Комиссияи тендерӣ муайян гардида, иловатан хабар дода мешавад.