Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

20.05.2014

Мудирияти идоракунии хавфҳо ғолиби мусобиқаи ҶСК «Агроинвестбонк» оид ба футболи хурд (минифутбол) гардид

     Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҶТ аз 8 апрели соли 2014, №184, «Дар бораи соли оммавияти футбол эълон намудани соли 2014» ва бахшида ба муносибати 69-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» аз санаи 21-уми апрел то 14-уми майи соли 2014 мусобиқаи анъанавии мавсими баҳории бозиҳои дохилибонкии футболи хурд (мини-футбол) доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур тимҳои сохторҳои Саридора, филиалҳои шаҳрӣ ва сохторҳои амалиётӣ, дар маҷмуъ 13-даста ба 3-гурӯҳ тақсим шуда, бо ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ, 4-дастаи пурқувват ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
     Бозии ниҳоӣ рӯзи 14 май баргузор гардид, барои ҷои 3-ум миёни дастаҳои Мудирияти бонкдории корпоративӣ ва Мудирияти хазинадорӣ, савдо ва ҳисоббаробаркунӣ, ба ҳисоби 4:2 ба фоидаи дастаи Мудирияти бонкдории корпоративӣ анҷом ёфт. Дастаи Мудирияти идоракунии хавфҳо дар бозии финалӣ ба ҳисоби 5:0 дастаи Мудирияти молиявиро шикаст дода, ғолибиятро ба даст овард.
     Тамоми, аз ҷумла бозиҳои нимфиналӣ ва финалии дастаҳои мусобиқаи футболи хурд дар майдончаи варзишии Саридораи Бонк бо ҳузури бевоситаи роҳбарияти Бонк, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонк доир гардид. Дар бозиҳои нимфиналӣ ва финалӣ инчунин намояндагони ВАО – хабарнигори ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ва хабарнигори Шабакаи Якуми телевизиони Тоҷикистон бо наворбардор ширкат намуданд.
     Пас аз хотимаи бозии финалӣ Раиси Бонк муҳтарам Рустамов С.Ш. ғолибони мусобиқаро барои муваффақиятҳояшон дар мусобиқаи футболи хурд табрик намуда, ба дастаи Мудирияти идоракунии хавфҳо барои ишғоли ҷойи якум Ҷоми сайёри ҶСК «Агроинвестбонк»-ро супорид ва бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ, дастаи Мудирияти молиявиро барои ишғоли ҷойи дуюм ва Мудирияти Бонкдории корпоративиро барои ишғоли ҷойи сеюм бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.
     Бояд қайд кард, ки бозингарони беҳтарин эътироф шуданд: Ҷӯраев Сӯҳроб тӯбзани беҳтарин – муаллифи 14 тӯб (Мудирияти молиявӣ), ҳимоятгари беҳтарин - Курбонов Муҳсиддин (Мудирияти идоракунии хавфҳо) ва дарвозабони беҳтарин – Ҷалолов Фирӯз (Мудирияти идоракунии хавфҳо) низ бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
     Дар мусобиқаи футболи хурди Бонк, воқеан метавон гуфт, ки як заминаи хуби футболи дустона байни кормандони Бонк гузошта шуд ва бозингарон тавонистанд обрӯй ва аҳамияти футболро дар байни коргарони ҷавони Бонк боз ҳам боло бардоранд. 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.