Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

04.06.2014

Саҳмдори муҳтарам!

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи "Агроинвестбонк" Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёб. Саъдии Шерозӣ, 21

     Мувофиқи талаботи Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», бо ташаббуси Шӯрои нозиронии Бонк Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» даъват карда мешавад. Маҷлис дар шакли ҷамъомади муштараки саҳмдорон (ҷаласа) доир мегардад.  
     Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» 30 июни соли 2014 баргузор мегардад.
     Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» соати 10 00 оғоз мешавад.
     Макони гузаронидани ҷаласа дар суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 21.
   Бақайдгирии иштирокчиёни ҷаласа рӯзи 30 июни соли 2014, аз соати 8 00 дар ҷойи гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон оғоз мегардад.
     Рӯйхати иштирокчиёни ҷаласа ба давраи 4 июни соли 2014 тартиб дода шудааст.

Рӯзномаи Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» аз масъалаҳои зерин иборат аст:
1.1. Дар бораи тасдиқ намудани Ҳисоботи солона, ҳисоботи муттаҳидаи молиявии солонаи ҶСК «Агроинвестбонк», ҳисоботи аудитори беруна барои соли молиявии 2013, тақсимоти фоида ва пӯшонидани зарарҳои ҶСК «Агроинвестбонк» аз рӯи натиҷаҳои молиявии соли 2013.
1.2. Интихоби аудитори берунаи ҶСК «Агроинвестбонк» барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Бонк барои соли молиявии 2014 ва маблағи подошпулии он.
1.3. Оид ба тасдиқи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк».
1.4. Пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои ҳамаи аъзоёни Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».
1.5. Интихоби ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».
     
     Барои аз қайд гузаштани иштирокчиёни ҷаласа, саҳомон бо худ бояд Шиноснома дошта бошанд. Намояндагони саҳомон бошанд, инчунин бо худ боваринома оид ба додани ваколат барои иштирок дар Маҷлиси умумии солонаи саҳомон, ки тибқи талаботи моддаи 56, банди 1 Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва моддаи 210 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, бояд дошта бошанд.
     Саҳомоне, ки дар Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агоринвестбонк» ҳуқуқи иштирок кардан доранд, бо маводи пешниҳодгардида метавонанд,шуруъ аз 4 июни соли 2014 аз соати 10.00 то 16.00 ба суроғаи: ш.Душанбе, ҳиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, утоқи 218, тел.(992 37) 2338137 муроҷиат намоянд.
     Барои гирифтане тавзҳот оид ба тартиби бақайдгирӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон ва инчунин дар сурати вайрон шудани тартиби бақайдгирӣ саҳмдор ё намояндаи ӯ метавонад ба Котиби корпоративии Бонк Исмоилова М.Н. бо суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, 734018,хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, телефон (992 37) 233 81 37; E-mail: mismoilova@agroinvestbank.tj муроҷиат намояд.
     Варақаҳои пуркардашудаи овоздиҳии саҳомони Бонк ба таври хаттӣ ба суроғаи: ш.Душанбе, 734018, ҳиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, метавонанд фиристода шаванд. Овозҳое, ки дар варақаҳои овоздиҳӣ сабт мешаванд, дар вақти муайян кардани кворум ва ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ аз тарафи Комиссияи баҳисобгирӣ, дар сурате ки, агар на дертар аз 29 июни соли 2014 фириситода шуда бошанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.