Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

26.06.2014

Дар ҶСК «Агроинвестбонк» мусобиқа оид ба волейбол ҷамъбаст гардид

    Бахшида ба 17 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, баҳри иҷрои муқаррароти Пайнавишти ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Фармони Раиси Бонк таҳти № 59-ФФ аз 22 апрели соли 2014, таҳти роҳбарии муовини Раиси Бонк - Ғоиб Давлатов аз 2 то 23 июни соли равон дар тамоми низоми ҶСК «Агроинвестбонк» мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи бозии волейбол доир гардид.
     Дар рафти мусобиқаи мазкур дастаҳои волейболбозони филиалҳои бонк, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолият менамоянд, байни худ қувваозмоӣ намуда, ғолибон ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар санаи 23-юми июни соли 2014 дар майдони варзишии Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» даври ниҳоии (финалии) бозиии волейбол баргузор гардид. Омодагии хуб, тартиб ва низоми доирсозии мусобиқа тавонист барои дар сатҳи олӣ баргузор гаштани он заминаи мусоид фароҳам биоварад. Дар оғози бозиҳои ниҳоӣ кулли бозингарон атрофи майдон саф оростанд ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
     Дар даври ниҳоӣ чор дастаи ба финал расида-Хоруғ, Тоҷикобод, Мудирияти амалиётии №1ва Мудирияти идоракунии хавфҳои Саридораи Бонк миёни худ сабқат намуданд, ки бозӣ воқеан ҳам хеле ҷаззоб ва дар сатҳи баланди варзишӣ доир гашт. Лоиқ ба қайд аст, ки бозингарони ҳама дастаҳо ба ин даври бозӣ бо тайёрии хуб омада буданд ва аз қувваозмоии хеш тамошобинону мухлисони дастаҳои худро хурсанд карданд.
    Дар охир дастаи волейболбозони филиалҳои шаҳри Хоруғу ноҳияи Тоҷикобод байни ҳам сабқат намуданд ва ниҳоят дастаи варзишгарони ш. Хоруғ бартарият нишон дода, ғолиби мусобиқа гаштанд.
     Ҳамин тариқ, ҷойи якумро дастаи волейболбозони филиали Бонк дар ш. Хоруғ, ҷойи дуюмро дастаи валейболбозони филиали Бонк дар ноҳияи Тоҷикобод ва ҷойи сеюмро дастаи волеболбозони Мудирияти амалиётии №1-и Саридораи Бонк ишғол намуда, сазовори Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ гардиданд. Ба дастаи волейболбозони филиали ш. Турсунзода Ифтихорномаи ҳусни таваҷҷуҳи тамошобинон супорида шуд. Бозингари беҳтарини мусобиқа Раҳматуллоев Сартиб Душанбиевич аз дастаи филиали ш. Хоруғ эътироф гардида, бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷоми мусобиқа аз ҷониби Раиси Бонк Рустамов С.Ш. бо тантана ба дастаи волейболбозони филиали ш. Хоруғ супорида шуд.
     Бояд қайд кард, ки тамоми рафти бозиҳои ниҳоӣ аз тарафи наворбардорони шабакаҳои телевизионӣ – «Сафина» ва «Шабаки якум» ба навор гирифта шуданд.

Маркази матбуот 

Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.