|
|
|
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
|
|
|
| |
|
09.10.2014
Дар ҶСК «Агроинвестбонк» Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
04.10.14с., бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Роҳбарият ва Комиссияи забони давлатӣ, ки дар ҶСК «Агроинвестбонк» амал менамояд, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии идона аъзоёни Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк, кормандон ва Шоири Халқии Тоҷикистон – Назри Яздонӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро Раиси Бонк- Рустамов С.Ш. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳли ҷамъомадаро ба муносибати солгарди ҷашни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Сипас дар баромади худ Муовини якуми Раиси Бонк, Раиси Комиссияи забони давлатӣ – Фаррух Тағоймуродов оид ба мақому манзалат ва бузургдошти забони ноби тоҷикӣ аз тарафи ҳомилони забон суханронӣ карда, инчунин суханони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ ёдраси аҳли чорабинӣ намуд, ки бо чунин мазмун садо доданд:«Донистани забони давлатӣ, далели эҳтиром гузоштан ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад».
Шоири Халқии Тоҷикистон - Назри Яздонӣ аз таърихи пайдоиш, рушду инкишофи забони тоҷикӣ барои аҳли нишаст қиссаҳои илман асонокро пешниҳод намуда, инчунин ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ аз ашъори бузургон ва хеш пораҳои шеърӣ, бахшида ба балоғату фасоҳати забон ва васфи он пешкаш кард.
Чорабинии идонаро ҳамчунин баромади кормандони фаъоли Бонк - Абдулазиз Ашӯров ва Эмомалӣ Давлатов боз ҳам ҷолибтар гардонид. Номбурдаҳо низ ба ифтихори забони тоҷикӣ барои меҳмонон ва кормандони ҷамъомада шеърҳои баландмазмунеро пешкаш намуданд.
Бояд қайд кард, ки таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонк дар сатҳи баланд гузашт ва дар қалбу хотироти иштирокчиёни чорабинӣ муддати тулонӣ боқӣ хоҳад монд.
Ба қафо
| |
|
|
|
| |