Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

14.03.2011

Ҷамъбасти маҷлисҳои минтақавӣ оид ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли 2010»

Мувофиқи Қарори Раёсати Бонк таҳти № 19 аз 24 январи соли 2011, аз 28 январ то 26 феврали соли 2011 дар ҳамаи филиалҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ, маҷлисҳои ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ-хоҷагидори филиалҳои ҶСК « Агроинвестбонк» барои соли 2010, бо иштироки роҳбарони филиалҳо шуда гузашт. Дар маҷлисҳо иҷрои стратегия ва дурнамои Бонк, инчунин нақшаи бонк дар соли сипаригашта ва роҳҳои татбиқи мақсадҳои гузошташуда дар соли 2011 баррасӣ гардид.

Дар назди роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва амалиётии Бонк Раиси Раёсати Бонк, инчунин, ҷонишинони ӯ, роҳбарони дирексияҳо ва мудириятҳо аз рӯи масъалаҳои вобаста ба роҳҳои татбиқи чорабиниҳо оиди бартараф намудани камбудиҳои дар соли 2010 дар фаъолияти Бонк вуҷуддошта ва ҳалли масъалаҳои ба миён омада баромад карданд.

Баромадкунандагон қайд намудаанд, ки: «Соли 2011 соле аст, ки бояд масъалаҳое, ки дар соли 2010 иҷро нагардиданд, иҷро намоем ва соли 2011-умро бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст намоем. Аз тарафи саҳомони Бонк ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт солҳои 2011-2012 ҳамчун давраи реабилитатсионӣ муайян шудаст ва мо бояд дар назди саҳомони Бонк бо нишондиҳандаҳои молиявии баланд ҳисобот дода, Бонкро ба сатҳи нав ва баланд барорем».

Маълум аст, дар соли 2010 дар фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории Бонк тағйиротҳои муҳим анҷом дода шуданд. Якум, нимсолаи соли 2010 бо нишондиҳандаҳои молиявии паст ҷамъбаст шуд. Зарарҳо ба шарофати кори фаъолонаи Раёсати Бонк ва кӯшишҳои ҳамаи филиалҳои Бонк пӯшонида карда шудаанд ва соли 2010 ба маблағи 8,8 млн. сомонӣ фоидаи соф ҷамъбаст шуд. Бонк барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва дар ин асос иконияти боз ҳам зиёдтар гирифтани фоидаро дорад. Ва ин имкониятҳо дар соли 2011 аз тарафи тамоми кормандони сохторӣ ва амалиётии Бонк бояд пурра истифода бурда шавад.

Аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории Бонк барои соли 2010 филиалҳои беҳтарин дар низоми ҶСК «Агроинвестбонк» эълон карда шуд. Филиали маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Филиали ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Филиали шаҳри Ҳисор филиалҳои беҳтарини Бонк эътироф карда шудаанд. Ба онҳо сертификатҳои «Филиали беҳтарини ҶСК «Агроинвестбонк» дар соли 2010» супурида шуд.


Ба қафо

 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.