21.02.2011
Вохӯрии роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)
21 феврали соли ҷорӣ, дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии роҳбарияти Бонк бо намояндагони ХБА доир гардид. Аз ҷониби ХБА иштирок доштанд: Тодд Шнайдер, Ари Айзен, Джуниус Карстен ва Али аль-Эйд. Аз ҷониби ҶСК «Агроинвесбонк» Раиси Раёсат Тағоймуродов Ф.Ғ. ва дигар шахсони мансабдор ширкат намуданд. Тағоймуродор Ф.Ғ. меҳмононро хайра мақдам гуфта, миннатдории хешро барои дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми босазо гузоштани ХБА барои рушди соҳаи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, инчунин ба таври мухтасар доир ба фаъолияти молиявӣ – хоҷагидории Агроинвестбонк дар соли 2010 ва вазифаҳои дар пеш истода маълумот дод.
Дар рафти вохӯрӣ ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти самараноки Бонк, ҳолати пардохтпазирӣ, қарздиҳӣ ба соҳаи пахтакорӣ, қобилияти пардохти қарз доштан, ҷалби депозитҳо ва ғайра диққат дода шуд.
Дар охири вохӯрӣ, роҳбари гурӯҳи намояндагони ХБА Тодд Шнайдер, ба роҳбарияти бонк барои қабули самимона миннатдории хешро иброз дошта, гуфт, ки умед дорад дар оянда ҳамкориҳо миёни ХБА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш меёбанд.