Дар ҳолатҳое, ки Амонатгузор имконияти гузоштани депозитро ба мӯҳлати муайян дорад ва мехоҳад фоизҳои онро дар ҳамон лаҳза, пешакӣ дастрас намояд, дар ин ҳолат депозити мӯҳлатноки «Беҳтарин» пешниҳод карда мешавад. Андозаи фоизи депозити мазкур аз асъор вобастагӣ дорад.
Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат талаб намудани маблағи депозити мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор, Бонк фоизҳои депозитро аз нав бо андозаи фоизҳои депозити бонкии «Классик» пешбинишуда ҳисоб намуда, маблағи депозитро баъд аз тарҳи он маблағе, ки Амонатгузор истифода бурдааст, бармегардонад.