ДЕПОЗИТИ «КЛАССИК»
Хусусиятҳо: Намуди депозит бо шартҳои хеле содда.
Тавсия мешавад: Ба шахсони воқеӣ барои нигоҳдорӣ ва ҷамъ намудани воситаҳои пулӣ инчунин барои интиқол ва воридшавии маблағҳо.
Дар ҳолатҳое, ки Амонатгузор мехоҳад воситаҳои пулии худро ба мӯҳлати номуайян нигоҳ дошта ба он маблағҳои иловагии худро ҷамъ намуда ба воситаи фоизҳои аз тарафи бонк гузаронидашуда бақияи воситаҳои худро афзун намояд ё ин ки зарурати воридшавии маблағҳоро ба ҳисоби худ дорад, дар ин ҳолат депозити пасандозии «Классик» пешниҳод карда мешавад.
Депозити мазкур капитализатсияи фоизҳоро ба ҳисоби депозитӣ дар назар дошта пардохти он ба Амонатгузор давра ба давра, мувофиқи шартномаи депозити бонкӣ, тариқи пешниҳод намудани дафтарчаи амонатӣ ба бонк, амалӣ карда мешавад.
Шартҳои асосии депозити «Классик»
Маблағи аввалия
|
|
Асъори депозит
|
|
Мӯҳлати депозит
|
Дархостӣ
|
Андозаи фоиз
|
Мувофиқи сиёсати фоизии ҶСК «Агроинвестбонк» дар санаи барасмиятдарории шартномаи депозитӣ
|
Воридоти иловагӣ
|
Бе маҳдуд
|
Давраи ҳисоби фоизҳо
|
Ҳармоҳа
|
Давра ва тартиби пардохти фоизҳо
|
§ Ҳармоҳа ба таври нақдӣ
§ Капитализатсия дар як сол як маротиба
|
Шартҳои махсус
|
Барои иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ имконияти ройгон ба манзилашон расонидани воситаҳои пулӣ пешниҳод карда мешавад
|
|