Истифодабарии кортҳои пластикӣ, ба Амонатгузор имконияти гузаронидани амалиётҳои ҳисоббаробаркуниро, ба монанди пардохти мол ва хизматрасонӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки кортҳои пластикиро чӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он хизматрасонӣ мекунанд, фароҳам месозад. Гирифтани маблағҳо дар дилхоҳ банкомат, ё ин ки нуқтаҳои додани пули нақд бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ ва доллари ИМА ва берун аз марзи Тоҷикистон - бо пули миллии давлати воқеъ буда имконият дорад, инчунин фоизҳои депозит ҳармоҳа баъд аз ситонидани андоз ба ҳисоби депозитӣ гузаронида мешаванд.
Вобаста ба он, ки Амонатгузор дар куҷо ва кадом амалиётҳоро мегузаронад, ба ӯ намуди кортҳои мӯҳлаташон як, ду ва се сола пешниҳод карда мешавад.
Шартҳои асосии депозити «Классик +»