Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

23.05.2011 Ташрифи намояндаи «Райффайзенбонк» ба «Агроинвестбонк»

Намояндаи «Райффайзенбонк»-и Австрия -Сардори Мудирияти мизоҷони институтсионалӣ ҷ-би Шардико С.А. ба ҶСК «Агроинвестбонк» ташриф овард.

12.05.2011 Саҳмдори мӯҳтарам!

Мувофиқи талаботи Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», бо ташаббуси Шӯрои Нозирони Бонк Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» даъват карда мешавад. Маҷлис дар шакли ҷамъомади муштараки саҳомон (ҷаласа) барпо мегардад. Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» 11 июни соли 2011 баргузор мегардад. Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» соати 10 00 оғоз мешавад. Макони гузаронидани ҷаласа: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21. Бақайдгирии иштирокчиёни ҷаласа рӯзи 11 июни соли 2011, аз соати 800 дар макони гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон оғоз мегардад...

11.05.2011 ЭЪЛОН

ҶСК «Агроинвестбонк» ба маълумоти мизоҷон мерасонад, ки аз 20 майи соли 2011 бинобар татбиқ намудани лоиҳаи гузариш ба барномаи нави автоматикунонидашудаи бонкӣ, рамзи суратҳисобҳои бонкӣ барои мизоҷони дар сохторҳои амалиётии шаҳри Душанбе хизматрасонӣ шаванда тағйир меёбад. Бинобар ин аз тамоми мизоҷон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар таърихи муайяншуда ба сохторҳои хизматрасони худ барои гирифтани маълумоти муффасал ҳозир шаванд.

22.03.2011 Таҷлили рӯзи Байналхалқии Наврӯз дар ҶСК «Агроинвестбонк»

18 марти соли ҷорӣ дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба ҷашнгирии рӯзи Байналхалқии Наврӯз, чорабинии тантанавӣ доир шуд. Дар чорабинии идона роҳбарият ва кормандони Бонк ширкат варзиданд, инчунин меҳмонон шоирон Назри Яздон, Мӯҳтарам Ҳотам, дастаи ҳунарӣ таҳти сарварии Ҳотами Равшан, намояндагони воситаҳои ахбори умум – ҷонишини якуми Директории радиои Тоҷикистон Фирӯза Саидова, мудири шӯъбаи иқтисодии рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов, рӯзноманигор ва оператори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» Парвиз Аминов ва Худоӣ Наврӯз даъват шуда буданд.

14.03.2011 Ҷамъбасти маҷлисҳои минтақавӣ оид ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории филиалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои соли 2010»

Мувофиқи Қарори Раёсати Бонк таҳти № 19 аз 24 январи соли 2011, аз 28 январ то 26 феврали соли 2011 дар ҳамаи филиалҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ, маҷлисҳои ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ-хоҷагидори филиалҳои ҶСК « Агроинвестбонк» барои соли 2010, бо иштироки роҳбарони филиалҳо шуда гузашт. Дар маҷлисҳо иҷрои стратегия ва дурнамои Бонк, инчунин нақшаи бонк дар соли сипаригашта ва роҳҳои татбиқи мақсадҳои гузошташуда дар соли 2011 баррасӣ гардид.

21.02.2011 Вохӯрии роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА)

21 феврали соли ҷорӣ, дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии роҳбарияти Бонк бо намояндагони ХБА доир гардид. Аз ҷониби ХБА иштирок доштанд: Тодд Шнайдер, Ари Айзен, Джуниус Карстен ва Али аль-Эйд. Аз ҷониби ҶСК «Агроинвесбонк» Раиси Раёсат Тағоймуродов Ф.Ғ. ва дигар шахсони мансабдор ширкат намуданд. Тағоймуродор Ф.Ғ. меҳмононро хайра мақдам гуфта, миннатдории хешро барои дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми босазо гузоштани ХБА барои рушди соҳаи хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, инчунин ба таври мухтасар доир ба фаъолияти молиявӣ – хоҷагидории Агроинвестбонк дар соли 2010 ва вазифаҳои дар пеш истода маълумот дод.

Бо хизматрасонии «SMS-хабар» аз ЉСК «Агроинвестбанк» тавозуми мобилиро бо рои кардани СМС пур кунед
Мизољони мухтарам! ЉСК «Агроинвестбонк» ба дорандагони кортњои пластикї тарзи зуд ва њозиразамон пур кардани тавозуни мобилиро пешнињод менамояд&?1263; Акнун&?1262; дар ваќти дилхоњ&?1262; аз њар нуќтаи љумњури Шумо метавонед тавозуни мобилии худро таъриќи равон намудани SMS ба раќами +992 98 598 6868 пур кунед&?1263;


Ахбор 101 - 107 аз 107
Аввал | Қабли | 1 2 3 4 5 6 | Минбаъда | Охир Ҳама
 

 

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.