25.11.2011
Рӯзи Парчами давлатӣ дар «Агроинвестбонк» дар фазои идона баргузор гашт.
24 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷаласаи ботантана шоир, файласуф ва донишманди шинохта - Назри Яздонӣ, гурӯҳи рӯзноманигорон, кормандон ва роҳбарияти «Агроинвестбонк» ширкат намуданд.
19.10.2011
Диққат, Музояда! Бо нархҳои дастрас!
Ба диққати хонандагони сомона мерасонем, ки ҶСК «Агроинвестбонк» музоядаи фурўши амволи ба тавозуни Бонк гирифташударо барпо менамояд.
17.10.2011
Вохӯрии роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони БАТТ
13 октябри соли 2011 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии роҳбарияти Бонк бо намояндагони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тараққиёт (БАТТ) баргузор гашт.
06.10.2011
Маҷлиси ботантана бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5.10.2011с. дар ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона баргузор гардид.
16.09.2011
ҶСК «Агроинвестбонк» намуди нави хизматрасонӣ “SMS-хабар»-ро пешниҳод намуд
ҶСК «Агроинвестбанк» шурӯъ аз 1 сентябри соли 2011 ба дорандагони кортҳои пластикии Агроинвестбонк намуди нави хизматрасонии “SMS-хабар»-ро пешниҳод намуд. Хизматрасонии “SMS-хабар» имконият медиҳад, ки амалиётҳои аз рӯи корти пластикӣ анҷомдодашуда назорат карда шаванд.
12.09.2011
Ба кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» Ифтихорномаҳои ҷашнӣ супорида шуд.
8-сентябри соли ҷорӣ дар радифи чорабиниҳои ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидашуда, дар толори калони ҶСК «Агроинвестбонк» ба як қатор кормандони фаъол ва собиқадори Бонк Ифтихорномаҳои фахрӣ супорида шуд.
08.09.2011
Иқдоми нави ҶСК «Агроинвестбонк» дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсат ва ҳайати кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои ҷашниро ба нақша гирифтаанд, ки имрӯзҳо дар арафаи ин иди бошукӯҳ мунтазам амалӣ мешаванд.
06.09.2011
Таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агроинвестбонк
1 сентябри соли равон дар майдони ба таври идона оросташудаи Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.
01.09.2011
Депозити нав аз ҶСК «Агроинвестбонк»
Дар арафаи 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Агроинвестбонк» намуди нави хизматрасонии бонкӣ – депозити «Беҳтарин» - ро пешкаши мизоҷони хеш гардонд.
16.08.2011
«Корти тӯҳфавӣ» аз ҶСК «Агроинвестбонк» - Беҳтарин тӯҳфаи Шумо!
Шур ў ъ аз 1-уми августи соли 2011, Ҷ СК «Агроинвестбонк» дар кишвар якумин шуда ба бозори ма њ сулоти корт њ ои плостикии бонк ї - «Корти т ўњ фавиро» пешни њ од намуд.
21.07.2011
Дар ноҳияи Синои пойтахт 62 - юмин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» кушода шуд
Ба ифтихори рӯзи бистсолагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Синои пойтахт 62 - юмин филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дарҳои худро барои мизоҷон боз намуд.
06.07.2011
ҶСК «Агроинвестбонк» ва Корпоратсияи исломӣ созишнома ба имзо расониданд
Раиси Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Ф. Тағоймуродов аз 26 то 30 июни соли 2011 дар маҷлиси солонаи Бонки Исломии Рушд, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ширкат варзид.
28.06.2011
Вохӯрии роҳбарияти Бонк бо намояндагони Ширкати омӯзиши кормандони соҳаи бонкии Маҷористон
23 июни соли ҷорӣ дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Раиси Бонк Фаррух Тағоймуродов Президенти Ширкати омӯзиши кормандони соҳаи бонкии Маҷористон доктор Ҷудит Тос ва ноиби Президенти ин Ширкат хонума Эрика Марширо, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
24.06.2011
Вохӯрии намояндагони Шӯрои молиявии бонкии ИДМ бо роҳбарияти ҶСК «Агроинвестбонк»
23 июни соли 2011, дар ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии намояндагони Шӯрои молиявии бонкии (ШМБ) ИДМ бо роҳбарияти Бонк доир гардид.
23.06.2011
Вохӯрии намояндагони низоми интиқолии «Monеy Gram International» бо ҳайати роҳбарикунандаи ҶСК «Агроинвестбонк»
21 июни соли 2011, дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии намояндагони низоми интиқолии «Monеy Gram International» бо ҳайати роҳбарикунандаи Бонк доир гардид.
13.06.2011
Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» доир гашт
11-июни соли 2011 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк», маҷлиси Умумии солонаи саҳомони Бонк баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи навбатии саҳомони Бонк аъзоёни Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк», Саҳомони калони Бонк, меҳмонони даъватшуда ширкат доштанд.
09.06.2011
Вохӯрии Бонки Исломии Рушд бо роҳбарони ҶСК «Агроинвестбонк»
7 июни соли 2011, вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони Бонки Исломии Рушд баргузор гардид.
07.06.2011
Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк»
6 июни соли 2011, дар маҷлисгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии ҳайати роҳбарикунандаи ҶСК «Агроинвестбонк» бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гашт.
27.05.2011
Мукофот барои сифати баланд - Сiti 2010
ҶСК «Агроинвестбонк» барои пардохтҳои бо доллари ИМА ба суратҳисоби Citibank N. A. дар шаҳри Нью-Йорк гузаронидашуда, барои сифати баланд- Citi 2010, сазовори Мукофот гашт.
24.05.2011
Вохӯрӣ бо намояндагони БТ «ЕВРОТРАСТ»
Дар маҷлисгоҳи ҶСК «Агроинвестбонк» вохӯрии роҳбарони Бонк бо намояндагони БТ «ЕВРОТРАСТ» - муассиси Низоми байналхалқии интиқоли маблағҳои «Мигом» баргузор гашт.
Ахбор
81 - 100 аз 107
Аввал
|
Қабли
|
1
2
3
4
5
6
|
Минбаъда |
Охир
| Ҳама